Бояд оби дарёи Панҷ дар ин ҳавзҳо пок шуда, ба каналҳои ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Восеъ ва Фархор резад, аммо бо вуҷуди полоиш, об регдор берун меояд.
Нурулло Мирзозода, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд, поксозии оби Панҷ дар ин ҷо хеле камтар аз меъёрҳои эълоншуда аст.
Ӯ зимни нишасти хабарӣ гуфт, "тариқи офсофкунакҳо бояд 68 фоизи оби дарёи Панҷро тоза мешуд, лекин баъди ба истифода додан, ҳоло ҳамагӣ 20 дарсади обро соф мекунад. Ҳоло мо муроҷиат кардем, ҳамон одамоне, ки лоиҳаро пешниҳод карданд, омада мебинанд".
Маълум нест, барои бунёди ин полоишгоҳ чӣ қадар маблағ сарф шудааст. Дар оғоз аз ин тарҳ хеле зиёд ситоиш мешуд ва интизор мерафт, ки мушкили дастрасӣ ба оби пок ҳал мешавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Чаро оби Панҷ дар Ҳамадонӣ баъд полоиш регдор берун меояд?
Полоишгоҳ кори дастгоҳҳои обкашро сабук ва умри онҳоро дароз мекунад. Ҳамчунин аз қум ва реги таҳшин, коргоҳи шиша сохта хоҳад шуд. Вале тарҳи бузург ин умедҳоро бароварда накард.
Карим Ашӯров, менеҷери лоиҳа мегӯяд, "мақсади асосии лоиҳаи обтакшинкунӣ, лойқаи дарёи Панҷ, ки ба канали Чубек ворид карда мешавад ва эмин нигоҳ доштани чархаҳои оббарори пойгоҳҳои обкашии ноҳияҳои Восеъ ва Фархор мебошад, ки солҳои тӯлонӣ аз кор мебаромаданд".
Канали Чубек дар ин минтақа калонтарин ба ҳисоб меравад ва ҳавзаи он зиёда аз 50 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Ба воситаи ин об, бештари киштзорҳои се ноҳияи минтақаи Кӯлоб обёрӣ мешаванд.
Дар мавсими зимистон оби он баста мешавад, то обравҳо поккорӣ шаванд. Ин ҳам мушкилест, ки гуфта мешуд, полоишгоҳ онро ҳал хоҳад кард, аммо чунин нашуд.
Ҳоло ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ барои кӯмак, ба ҳукумати марказӣ муроҷиат кардааст. Маълум нест, ки амалкарди таррроҳ ва бунёдкорони полоишгоҳ таҳқиқ хоҳад шуд ё не.
Ва кӣ барои амалӣ нагаштани тарҳ ҷавобгар хоҳад буд?