Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мумкин аст, ҳафтаи оянда бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот кунад. Агар чунин шавад, ин мулоқоти аввалини рӯ ба рӯи раҳбарони Русияву Амрико пас аз таҷовузи Русия ба Украина дар соли 2022 хоҳад буд.
Шуморе аз гумонбарон ба тасарруфи беш аз 120 миллион сомонии Вазорати дифоъ ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шудаанд. Сайдалӣ Раҳмонзода, муовини раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, гуфт, аз 124 миллион сомонии рабудашуда бештар аз 16 миллион сомонӣ ҳанӯз баргардонида нашудааст.
Чанд шаҳрванди Чин ва Афғонистон бо гумони убури ғайриқонунии марз дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин боздошт шудаанд. Ин афрод дар соҳилҳои рӯди Панҷ машғули заршӯйӣ буданд.
Барзу Бобоев, корманди пешини Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки барои фарбеҳӣ аз кор ронда шуда буд, дубора ба кор барқарор шудааст. Қазияи аз кор рондани Бобоев баҳори имсол ҷанҷолӣ шуд.
Трамп мехоҳад бо Путин вохӯрад. Додгоҳи олӣ 9 нафарро барои тасарруфи пули артиш зиндонӣ кард. Афсари гаронвазн ба кор баргашт. Боздошти чиниҳову афғонҳо дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон.
Оё фиристодаи Трамп дар музокирот бо Путин муваффақ хоҳад шуд? Ҳукумати Тоҷикистон дар муқобили таъқиби тоҷикон дар Русия хомӯш аст; Муҳаммадиқболи Садриддин созмони нави сиёсӣ боз кардааст.Роҳи нав Ворухро бо бахшҳои дигари Тоҷикистон пайваст хоҳад кард.
Дар ҳоле ки баъзе аз мансабдорони Тоҷикистон ҷузъиёти созишномаи марзиро бо Қирғизистон ошкор намекунанд, як намояндаи Вазорати нақлиёт ба ихтиёри кадом тараф гузаштани баъзе қитъаҳои роҳҳои минтақаро шарҳ дод.
Дар остонаи зарбулаҷали Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ба Русия барои қатъи ҷанг дар Украина, Вашингтон дар пайи нафастанг кардани иқтисоди Русия аст ва барои ин кор ҳадафи наве ёфтааст. Он ҳам нафти фурӯшии Русия ба Чин. Оё муваффақ хоҳад шуд?
Мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷи кишвар мақомот ва давлати Тоҷикистонро ба ҳимояи нокофӣ аз ҳуқуқи муҳоҷирон ва cукут дар баробарои озору азияти онҳо дар Русия гунаҳкор мекунанд. Аммо мақомоти Тоҷикистон ин интиқодҳоро ба суроғи худ намепазиранд.
Боздошти садҳо муҳоҷир дар амалиёти нерӯҳои хос дар шаҳри Маскав; нигаронӣ аз афзоиши фавти кӯдакони тоҷик аз дасти волидонашон; таҳқиқи сӯхтори теппаҳои Адрасмон ва матолиби дигар.
Сӯхтор дар теппаҳои Адрасмон даҳҳо дарахту буттаи худрӯйро аз байн бурдааст. Мақомоти давлатӣ зиён аз ин ҳодиса ва сабаби онро таҳқиқ мекунанд.
Афзоиши фавти кӯдакон аз дасти волидонашон Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон нигарон кардааст. Моҳҳои охир дар Тоҷикистон камаш се мавриди марги кӯдакон аз дасти волидонашон сабт шуд.
Ёфтҳои бештар