Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Фаршҳои шикаставу рехта, дару тирезаҳои боз ва ҳоли ногувор. Ин тасвири клуби фарҳангии деҳаи Сари Осиё дар Кӯлоб аст.
Зафар Мирзоён, донишманд ва ховаршиноси тоҷик, шаби 7-уми июн дар 74-солагӣ даргузашт. Ӯ як ҳафта пеш бемор ва дар шифохона бистарӣ шуда, бо ҳамин ба худ наомад. Хонаводааш гуфтанд, аз дарди меъда ва рӯда ранҷ мебурд.
Се узви як хонадонро дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон дар пайванд ба марги Сайёра Зоироваи 36-сола зиндонӣ кардаанд. Ҳукмро Додгоҳи ноҳия рӯзи 31-уми май баровард. Наздикони Сайёра Зоирова гуфтанд, ки аз ҳукм розиянд. Тарафи диагр эътироз дорад.
Се узви як хонадонро дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон дар пайванд ба марги Сайёра Зоироваи 36-сола зиндонӣ кардаанд. Ҳукмро Додгоҳи ноҳия рӯзи 31-уми май баровард.
Дастаи "Равшан”-и Кӯлоб дар се бозӣ ва дар майдонҳои гуногун дастаи “Истиқлол”-и Душанберо шикаст дод. Мураббии "Истиқлол" бадии майдонро сабаби шикаст донист. Бозигарони “Равшан" гуфтанд, омодагии хуб доштанд. Яке аз онҳо, Амирҷон Сафаров, мегӯяд, бар илова духтараш ба ӯ рӯҳияи хубу нерӯ бахшид.
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ, дар соҳили рӯди Панҷ ба сохтмони обанборе оғоз кардаанд, ки ба ҷуз полоиши об, инчунин аз таҳшини он тилло ва маҳсулот барои омода намудани шиша берун карданианд.
Пайвандони як зан дар ноҳияи Ҳамадонӣ, ки пас аз муноқиша бо хонаводаи шавҳараш фавтидааст, мегӯянд, мақомот парвандаи марги ӯро дуруст таҳқиқ намекунанд.
Мақомот дар минтақаҳои Тоҷикистон аз гусели дастаҷамъонаи хатмкунандаҳои донишгоҳҳо ба артиш хабар медиҳанд.
Даҳҳо хатмкунандаи Донишгоҳи шаҳри Кӯлоб ба артиш сафарбар шуданд. Баъзе аз онҳо ва наздиконашон гуфтанд, ки ин рафтани ихтиёрист. Вале иддае аз мавридҳои маҷбурӣ мегӯянд. Тафсилот дар видео.
Даҳҳо нафар дар Кӯлоб аз бозингарони дастаи футболи “Равшан”, ки бар дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе пирӯз шуда буд, истиқбол карданд.
Як корманди собиқи милиса бесарпаноҳ мондааст ва мегӯяд, талошҳояш барои соҳиб шудан ба манзили зист бенатиҷа будааст.
Ҳукумати Тоҷикистон беш аз ду даҳсола мешавад, пайваста дар бораи кӯшишҳои худ барои боло бурдани мақоми занон ва беҳбуд бахшидан ба зиндагии онҳо ҳарф мезанад. Аммо бархӯрде, ки дар нисбати қаҳрамони гузориши мо сурат гирифтааст, муносибати баръаксро нишон медиҳад.
Як қитъаи роҳ дар ноҳияи Фархор ҷанҷолӣ шудааст, ки баҳси онро на додгоҳ ва на раиси ноҳия натавонистаанд ҳал кунанд. Ин роҳро як сокини деҳа замини худ дониста бастааст, вале аҳолии деҳа алайҳи ӯ шуридаанд. Ба гуфтаи сокинон, ин роҳ рафтуои онҳоро ба мактабу маркази деҳа наздиктар мекунад.
Баҳсе, ки то додгоҳу мақомот бурд, ҳамоно ҳалли худро наёфтааст.
Шаҳри Норак, ки макони неругоҳҳои барқи обии Норак ва Бойғозӣ мебошад, соли гузашта ҳам натавонист, нақшаи супурдани андоз ба буҷаи вилояти Хатлонро иҷро кунад. Буҷаи ин шаҳри саноатии Тоҷикистон то соли 2015 бо кӯмаки давлат таъмин мешуд, вале ҳафт соли охир аз ин имтиёз бебаҳра мондааст.
Иди Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи 21-уми апрел бо хондани намозу идгардаки кӯдакон оғоз шуд. Ҳамкорони мо дар Хуҷанду Кӯлоб чанде аз ин лаҳзаҳоро акс гирифтанд. Агар шумо ҳам видео ё тасвире аз таҷлили Иди Фитр доред, ба мо фиристед.
Охири ҳафтаи гузашта роҳи байналмилалии Душанбе-Бадахшон, ки Тоҷикистонро ба Чин мепайвандад, дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Шӯроободи пешин, хароб шуд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, лағжидани кӯҳпора ба вайрон гаштани роҳ сабаб гаштааст.
Боғи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадониро дар шаҳри Кӯлоб соли 2019 ба истифода доданд. Дар он намунае аз бурҷи 30-метрии "Эйфел" ва гунаи хурди хиёбони аврупоӣ буд. Ҳоло аксар маконҳои тафреҳии боғ таъмирталаб шудаанд. Дар гузориши видеоӣ бинед.
Рӯзи шанбе дар гушае аз бозори Кӯлоб кабкҳоеро ба фурӯш гузоштанд, ки дар мавсими нави шикор боздошт шудаанд.
Ёфтҳои бештар