Хона, мошин, пул ва дороиҳои дигари баъзе аз сиёсатмадорону мансабдорон ва як рӯзноманигори зиндониро дар Тоҷикистон мусодира кардаанд. Ин афрод ним сол пеш дар доираи парвандаи “табаддулот”, ки махфӣ баррасӣ шуд ва суолҳои зиёдеро бепосух монд, аз ҳашт то бисту ҳафт сол аз озодӣ маҳрум гаштанд.